10 ҷойи ҷолиби Душанбе барои меҳмонони он

Mutriba
4 min readMay 30, 2018

--

(мавдои мазкур бо ёрии телефони Huawei P Smart омода гаштааст)

Душанбе бо зебоӣ ва сарсабзии худ дар байни пойтахтҳои дунё мақоми хос дорад. Имрӯз симои он ба таври дигар тайғир ёфтааст. Ҳар меҳмоне, ки вориди пойтахти мо мешавад, кӯшиш мекунад, ки дар муддати кӯтоҳ ҷойҳои диққатҷалбкунандаи онро тамошо намояд. Баъзан ҳолатҳое мешавад, ки барои меҳмонҳои худ тавсияи дуруст дода наметавонем, ки кадом маконҳои Душанберо тамошо намоянд? Мутриба Тӯйчизода тасмим гирифтааст, ки шуморо бо 10 минтақаи ҷолиби Душанбе ошно созад. Марҳамат!

https://youtu.be/OzF6Q52VJ

1. Майдони Парчами миллӣ

Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати марказии пойтахт ҷойгир мебошад. Дар ин майдон Парчами Тоҷикистон, кӯли сунъӣ бо фаввораҳо ва муҷассамаи арбобони таърихии миллати тоҷик ҷой дорад. Зимни гаштугузор гулҳои тару тоза, нишастгоҳҳо ва буттаҳои ороишӣ хотири касро болида месозад. Парчами баландтарини дунё- Парчами Тоҷикстон бо баландии 165 метр дар ҳаминҷо гузошта шудааст.

2. Осорхонаи Миллии Тоҷикистон

Бинои нави Осорхонаи Милли Тоҷикистон соли 2012 бунёд гашта, беҳтарин ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон дар он ҷамъоварӣ гаштааст. Меҳмонон метаонанд бо асарҳои рассомон ва таърии кишвари мо тавассути ин Осорхона ошно шаванд.

3. Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ

Муҷассамаи Асосгузори нахустин давлати миллии Тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ соли 1999 ба шарафи 1100 солагии Давлатии Сомониён дар маркази шаҳри Душанбе қомат афрохта, он муаррификунандаи Душанбе ё худ рамзи он ба ҳисоб меравад.

4. Кохи Наврӯз

Зеботарин чойхона ё кинотеатре мебошад, ки дар ҷои мусоиди пойтахт ҷойгир гаштааст. Он бо услуби меъмории тоҷикона бунёд шуда, толори синамои он бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудааст.

5. Боғи ботаникӣ

Боғи ботаники шаҳри Душанберо «Боғи Ирам» низ меноманд. Он дар солҳои 30-уми арси 20 бунёд гашта, масоҳаташ наздик ба 30 га-ро ташкил медиҳад. Дар боғ садҳо дарахту буттаҳои нодир аз тамоми гӯшаҳои ҷаҳон ҷамъ оварда шудааст, ки қисме аз онҳо дар «Китоби сурх» ҷой гирифтаанд. Инчунин дар боғ намунаи хонаҳои анъанавии тоҷикон сохат шудааст.

6. Боғи Рӯдакӣ

Боғи ба номи устод Рӯдакӣ дар масоҳати 8 га ҷойгир шудааст. Қаблан он боғи фарҳанг ва фароғати ба номи Ленин ном дошт. Пас аз бозсозӣ дар боғ дарахтони зиёди сабзу хуррам пайдо шуданд, ки зимни гаштугузор ба кас ҳаловати дигар мебахшанд. Инчунин дар боғ фаввораҳо ва муҷассамаи асосгузори адабиёти форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гузошта шудааст.

7. Осорхонаи миллии бостоншиносӣ

Осорхона соли 2001 бунёд гашта, мақоми миллиро соҳиб аст. Дар ду ошёнаи осорхона нигораҳои зиёди таърихию бостонӣ, ки бозгӯкунандаи таърих ва тамаддуни миллати тоҷик мебошанд, ҷой гирифтаанд. Хусусан осорхона бо муҷассамаи Буддои хуфта, ки дар минтақаи Аҷинатеппа ёфт шудааст, ифтихор мекунад.

8. Чойхонаи «Роҳат»

Чохонаи «Роҳат» воқеан ҳам набзи пойтахти гулафшони моро ифода мекунад. Ин яке аз биноҳои таърихии шаҳр ба ҳисоб меравад. Давоми даҳсолаҳо аст, ки он ба ҷойи вохӯрӣ ва тановули сокинону меҳмонони пойтахт табдил ёфтааст. Ҳатто мегӯянд, ки агар ба Душанбе омада, дар «Роҳат» ғизои тоҷикӣ ва чойи кабуд нанӯшед, пас шумо Душанберо надидед…

9. Бозори «Меҳргон»

Бинои бозори «Меҳргон» соли 2014 ба шарафи 90 солагии таъсисёбии пойтахт ба истифода дода шуд. Сипас бозори собиқи «Шоҳмансур» дар он ҷой гирифт. Ҳоло шумо дар ин бозор метавонед беҳтарин анвои меваю сабзавотро харид намуда, аз меъмории нотакрор ва диқатҷалбкунандаи он баҳравар шавед.

10. Қурутобхонаи «Олим»

Дар баробари оши палав Қурутоб хӯроки миллии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҷиҳати фарккунандаи қурутоб он аст, ки ин хӯрокро танҳо дар Тоҷикистон пайдо карда метьавонед. Яке аз қурутобхонаҳои машҳури пойтахт қурутобхонаи «Олим» мебошад, ки дар маҳаллаи 112 воқест.

Маводи мазкур бо ёрии телефони HUAWEU P SMART омода гаррдидааст.

--

--