Саёҳат дар минтақаҳои зебоманзари Панҷакент, Ҳафткӯл ва Айнӣ

Ҳамасола барои тамошои гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистон сайёҳони зиёд аз хориҷи кишвар меоянд.Аз ҷумла гуруҳи сайёҳон иборат аз 16 нафар аз кишвари Исроил ба тамошои минтақаҳои зебоманзари Тоҷкистон омаданд.

Панҷакент. Суғд/20.07–01.08.2017/Рустамбек Аҳмадов. (бознашр аз 08.08.2017)Тӯли сафари худ ин гурӯҳ аз минтақаҳои зебоманзари Панҷакент ва Айнӣ аз ҷумла Ҳафткӯл, Артуч, Кӯли Калон, кӯли Аловуддин ва ғайра дидан намуданд. Яке аз ин сайёҳон амаки Искандар мебошад,ки зодаи Эрон буда дар Исроил кор ва зиндагӣ менамояд.Ӯ қайд намуд,ки ин гуна кӯҳҳову табиати нотакрор дар дигар минтақаҳои дунё кам ба назар мерасд.Ҳамчунин ӯ ният дорад ки соли оянда бо ҳамрорҳии ҳамсару фарзандонаш ба тамошои ин минтақаҳо ояд.

Пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии Артуч

Пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии Артуч яке аз маконҳоест,ки ба он сайёҳони дохиливу хориҷӣ барои истироҳат меоянд.Айни ҳол пойгоҳ дорои шароиту имкононти васеъ буда дар як вақт метавонад то 160 нафарро бо ҷои хоб таъмин намояд.Пойгоҳ шурӯъ аз моҳи май то моҳи сентябр ба сайёҳон хизмат мерасонад.Сайёҳон дар пойгоҳи мазкур ба машғулиятҳои гуногун аз ҷумла кӯҳнавардӣ метавонанд машғул шаванд қайд намуд Эраҷ Муҳаммадҷонзода директори пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии Артуч.

Натан Даскал профессори факултаи тибби буда ҳамроҳи ҳамсараш ба саёҳат омадааст.Ӯ иброз дошт,ки сайру гашт карданро дӯст медорад ва ба бисёр кишварҳои дунё сафар намудааст.

Бояд гуфт ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муфиду сердаромади аксари кишварҳи ҷаҳон маҳсуб меёбад. Дар баъзе кишварҳо ҳаҷми даромад аз ҳисоби сайёҳӣ қисми зиёди Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.Рушди туризм дар таъмини мардуми маҳаллӣ бо ҷои кор низ мусоидат менамояд.Сокинони Панҷакент бо ташкили меҳмонхонаҳо,ҳамлу нақли бор,роҳбаладӣ ва амсоли ин соҳиби ҷои кор ва даромад дар дохили кишвар гардидаанд.

сайёҳон дар деҳаи Марғзор

Агар ба кишварҳои хориҷӣ мисли Дубай сайёҳон баҳри тамошои бинҳои зебову баландошёна раванд ба Тоҷикистон баҳри тамошои табиати нотакрору кӯҳҳо ва ҳаловат бурдан аз он меоянд. Ин намуд сайёҳи эко туризм ном гирифтаст,ки дар Тоҷикистон нав аст.Барои ҳамин ҳам сайёҳон аксаран на дар меҳмонхонаҳои ситорадор балки дар минтақаҳои зебоманзар ва соҳили кӯлҳо хоб мекунанд.

хаймаҳои сайёҳон дар соҳили Кӯли Ҳазорчашма

Табиати нотакрор,минтақаҳои кӯҳӣ,фарҳангу анъана ва меҳмондӯстии мардуми тоҷик тавонистааст,ки сафи сайёҳони хориҷиро сол аз сол зиёд намояд.

аксҳои баъзе аз минтақаҳое,ки сайёҳон аз он дидан мекунанд

минтақаҳои зебоманзаре,ки сайҳон аз он дидан мекунанд