Суманак дар ҷӯш мо кафча занем…

(тарзи омода намудани Суманак)

Суманак

Суманак яке аз рамзҳои Наврӯзӣ буда таърихи куҳан дорад ва гузаштагони мо онро дар арафаи иди Наврӯз омода менамуданд.

Гандуми сабзида

Хуҷанд. Суғд/18.03.2017/Рустамбек Аҳмадов. Шамшод Мирзоев (бознашр аз 04.04.2017)Барои омода намудани суманак гандумро як шабонарӯз дар об мегузоранд. Сипас онро ба ягон ҷои ҳамвор мегузоранд ва бо он ҳаррӯз се маротиба об мепошанд токи сабзад.Чун гандум каме сабзид онро аз гуштқимакунак мегузаронанд ва онро ба ягон зарф андохта ва шуста шираи онро онро гирифта бо орд ҳамроҳ мекунанд.

ҳангоми гузаронидани гандум аз гуштқимакунак ва гандуми қимашуда

Яке аз анъанаҳое, ки пеш аз омода намудани суманак анҷом медиҳанд ин дар ҳамон деги суманак пухтани чалпак мебошад. Аз чалпаки омодашуда аввал ба деҳқон медиҳанд барои он, ки сол пурфайзу пурбаракат шавад. Деҳқон онро гирифта ба шохи гов мебандад ва ба ҷуфт мебарояд, ин маънои оғози кишту кори баҳориро дорад.

Хамири чалпак ва пухтани он

Чуноне, ки дар боло қайд кардем гандумро шуста шираи онро мегиранд ва онро ба деги тасфон меандозанд ва онро бо навбат занону бонувон кофта таманниёт ва орзуҳои нек мекунанд. Барои он ки таги суманак нагирад ба таги дег сангча меандозанд. Ин таоми баҳори баъди 20–24 соат тайёр мешавад.

рехтани гандуми шусташуда ба дег

Ҷараёни суманакпази як шабонарӯз давом мекунад то омода шудани суманак рақсу бозиҳо ва ҳазлҳо мекунанд. Зеро боваре ҳаст, ки соли навро агар бо хандаю хурсанди пешвоз гири, ҳамон сол пурра бо хуррамию шодӣ зиндагӣ хоҳи кард.

мардон ҳангоми кофтани суманак

Тули 70 соли шуравӣ қариб буд, ки ин анъанаҳои милли аз байн равад вале дар даврони соҳибистиқлоли расму анъанаҳои милли дубора эҳё ва барқарор гардид. Имрӯз Наврӯз на танҳо ҷашни тоҷикон балки ҷашни байналмилали буда дигар халқияту миллатҳо низ онро ҷашн мегиранд, дар сӯҳбат ба мо иброз дошт Кибриё Атоева номзади илмҳои филология.

навори пурра дар сомонаи ютуб:


таҳияи:
Рустамбек Аҳмадӣ(хабарнигори ШТР “Диёр”) ва
Шамшод Мирзоев 
 донишҷӯёни соли аввали шӯъбаи рӯзноманигории ДДХ ба номи акадимек Б.Ғафуров