“Биоҳоҷатхона”-ҳои шаҳри Хуҷанд куҷо шуданд?

Дар шаҳри Хуҷанд соли гузашта 50 адад “биоҳоҷатхона” насб карданд. Ин “биотуалет”-ҳоро ҶДММ “Лекс” дар мавзеҳои серодами маркази вилоят гузошта буд, аммо онҳо дар оғози сол якбора ғайб заданд.

Бино ба иттилои Шӯҳрат Тоҷибоев намоядани ширкати ҶДММ “Лекс” “биотуалет”-ҳо аз кишвари Руссия оварда шуда, дар мувофиқа бо шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар минтақаҳои серодами маркази вилоят насб шуда, арзиши хизматрасонӣ барои як нафар 50 дирам муқаррар гашта буд.

Аммо масъулини идораи санитарӣ мегӯянд, ки бинобар фаъолияти ғайрисанитарӣ ва бӯйи ғализ доштани он дари бархе аз “биоҳоҷатхона”-ҳоро бастаанд, зеро ки мутобиқи талаботҳои санитарӣ чунин “биотуалет”-ҳо бояд ҳар рӯз тоза карда шаванд. Ин дар ҳолест, ки “биоҷатхона”-ҳои мазкури дар се рӯз як маротиба тоза карда мешаванд. Раҳмон Муҳаммадиев духтури МДСЭ-и шаҳри Хуҷанд мегӯяд, дар асоси муроҷиати шаҳрвандон, мо танҳо фаъолияти 5 адади онро манъ кардем ва дар сурати ислоҳ кардани камбудиҳо барои фаълияти онҳо ягон монеа нест.

Ин ҳам дар ҳолест, ки шаҳрвандон ва меҳмонони маркази вилоят будани чунин “биотуалет”-ҳоро барои сокинон муҳим арзёбӣ мекунанд, зеро ки ҳамарӯза меҳмони зиёде ба маркази вилоят меоянд ва на ҳамаи онҳо барои бароварда намудани ҳоҷат маконҳои лозимаро саривақт пайдо карда метавонанд

Дар ҳоле масъулин фаъолияти бархе аз “биоҳоҷатхона”-ҳоро манъ мекунанд, ки дар баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ “биотуалетҳо” насб карда шудаанд. Аз ҷумла дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55-уми ҷамоати деҳоти “Зарнисор”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чунин “биотуалет” гузошта шудааст. Камолиддин як нафар омӯзгори мактаби мазкур иҳзор дошт, ки 4 сол мешавад, ки аз “биотуалет” истифода мебарем ва ягон мушкилӣ дар ин ҷода ба назар намерасад.

Мо фикри сокинонро дар бораи то кадом андоза зарур будани “биоҷатхона”-ҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пурсон шудем, ки Шумо метавонед, дар поён бо натиҷаи он шинос шавед

Аммо Шӯҳрат Тоҷибоев намояндаи ширкати “Лекс” гуфт, барои гузоштани “биотуалет” дар минтақаҳои серодам ягон мушкилот нест, соли гузашта дар фасли тобистон насб кардем, аммо он хароҷоти худро пӯшонида натавонист. Ният дорем, ки аз соли оянда дар фасли зимистон “биотуалет”-ҳоро гузорем.

Бахтиёр Ёқубов намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят мегӯяд, маводе ки барои безарар кардани чунин “биотуалет”-ҳо лозиманд, арзиши гарон доранд.

Ҳарчанд, ки масъулин бинобар риоя нашудани талаботҳои санитарӣ фаъолияти бархе аз онҳоро манъ намудаанд, лекин соҳибкор Шӯҳрат Тоҷиев мегӯяд бинобар рӯйпӯш нашудани хароҷоти “биотуалет”-ҳо муваққатан хизматрасонии он боздошта шудааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи назарсанҷии мо бисёре аз мардум будани “биоҳоҷатхона”-ҳоро зарур ва муҳим мешуморанд.

Афзал БОСОЛИЕВ, Наргис ОЧИЛОВА, Ситора ЮСУПОВА, Бахтиёр ЁҚУБОВ ва Рустамбек АҲМАДОВ

Махсус барои тренерон Фирӯз, Рустам, Ҷамшед ва Хосият

Show your support

Clapping shows how much you appreciated Afzal Bosoliev’s story.