Бахшида ба 25-солагии равобити дӯстии Ҷумҳурии фидеративии Олмон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толоринамоишии осорхонаи таърихии вилоят аксҳои бардоштаи суратгири машҳури олмонӣ,Волфганг Корал зери унвони “Тобистон дар Берлин” баргузор гардид.Дар кушодашавии ин намоишнома Ҳолгер Грин,сафири Олмон дар Тоҷикистон,Муовини аввали Раиси вилояти Суғд,Раҳматзода рустам Мирзо,намояндагони донишгоҳҳои вилоят,намояндагони ВАО ва дигар ашхоси шинохта иштирок намуданд.Пас аз суханронии кӯтоҳ сафири Олмон дар Тоҷикистон, Ҳолгер Грин бо буридани лентаи рамзӣ ба ин намоишнома расман ҳусни ифтитоҳ бахшид.


Ҳолгер Грин ва Муовини аввали Раиси вилояти Суғд,Раҳматзода Рустам Мирзо ҳангоми буридани лентаи рамзӣ

Бояд қайд намуд,ки ин намоишнома бо ташаббуси сафорати Олмон дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.Волфганг Коралл яке аз аксбардорҳои машҳури Олмон маҳсуб меёбад.Аксҳои бардоштаи ӯ дар беш аз 70 албом ва нашриётҳои машҳури Олмон нашр шудааст.Ҳамзамон,ин рассом соҳаи саноатро низ аксбардорӣ намуда,ҳамчун аксбардор дар ишркатҳои гуногун фаолият намудааст.

Ҳолгер Грин ва Муовини аввали Раиси вилояти Суғд,Раҳматзода Рустам Мирзо

Дар намоиши “Тобистон дар Берлин”намунаи беҳтарини аксҳои суратгир,ки беш аз 50-ададро ташкил медиҳанд,ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Ҳафиз Сайфуллое

Волфганг Коралл вааксҳои бардоштааш

Ҳадаф аз аз баргузории ин намоишнома таҳкими равобити дӯстӣ байни Тоҷикситон ва Олмон,муаррифи фарҳанги Олмн ва дар баробари ин ошно гаштани тоҷикон бо маданияту фарҳанг ва ашхоси маъруфи олмонӣ,ҳамчунин таҳкиму густариши робитаву ҳамкориҳо,байни ду кишвари дӯст мебошад.

Иноят Мирзоева


Бояд қайд намуд,ки намоиши аксҳои бардошатаи суратгири машҳури олмонӣ, Волфганг Коралл ки “Тобистн дар Берлин” унвон гирифтааст,аз санаи 25-уми апрел оғоз гашта то санаи 6-уми майи соли ҷорӣ давом мекунад.Дар намоишнома беҳтарин аксҳо ба маърази тамошо гузошта шудааст.

сомонаи рассом — — — - http://wolfgangkorall.de/



Рустамбек Аҳмадов-хабарнигри ШТР “Диёр