Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса, дар вилояти Суғд таҷлил шуд

Дар Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихӣ — фарҳангии “Истиқлол” маросими тантанавии ҷамъбастии чорабиниҳои Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон доир шуд.Чорабинии идона бо раҳпаймоии ҷавонони касбу кори гуногун, аз ҷумла донишҷӯёну варзишгарон оғоз ёфт. Иштирокчиёни раҳпаймоӣ бо шукрона аз сулҳу ваҳдати пойдор аз се самт — аз гардишгоҳи микроноҳияи 28, аз назди бинои Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд ва аз назди Корхонаи воҳиди давлатии “Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” ҳаракат карда, дар Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Истиқлол” сарҷамъ шуданд.Ин чорабинии бошукӯҳ бо ҳузури роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма, роҳбарони муаасисаҳои олӣ ва кормандони соҳаи маориф, ҷавонони фаъол, донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирандагони Стипендияи Раиси вилояти Суғд, шоирон ва санъаткорони наврасу ҷавон, ғолибони як қатор озмунҳо, аз ҷумла ғолибони озмунҳои вилоятии “Гулдухтарони суғдӣ”, “Ҷавонон — рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ”, гирандагони стипендияи раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, варзишгарон, намояндагони ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор шуд.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, ки бо мақсади иштирок дар чорабинии идона ба Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Истиқлол” ташриф овард, нахуст аз Намоишгоҳи ҳафт минтақаи Тоҷикистон — Хуҷанд, Зарафшон, Ҳисор, Вахш, Кӯлоб ва Бадахшон дидан намуд.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ зимни суханронии худ дар ҳузури наздик 6 ҳазор нафар иштирокчиёни чорабинии ҷамъбастии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон изҳор дошт, ки “дар ин лаҳзаҳои пурсафо, ки мо яке аз ҷашнҳои фархунда ва пуршукӯҳи кишвар — Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва ваҳдату якдилӣ таҷлил менамоем, ҳамаи шуморо самимона таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор, комгориву тавфиқ, талошҳои муваффақона дар омӯзиши илму маърифат ва анҷоми корномаҳои бузург барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизамон таманно менамоям”.Дар Соли ҷавонон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят теъдоди ҷавонони ройгон ба истироҳат фарогирифташаванда аз 200 ба 500 нафар расонида шуда, дар марҳилаи аввал 250 нафар ҷавонони фаъоли вилоят дар Муассисаи давлатии Истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонони ба номи 20 — солагии Истиқлолият ба истироҳат фаро гирифта шуданд, ки ин иқдом минбаъд низ идома меёбад. Бо мақсади дастгирии ҷавондухтарони ҳунарманду эҷодкор 45 грантҳои Раиси вилоят таъсис ёфт, ки нисбат ба солҳои қаблӣ 15 грант зиёдтар буда, 305 ҳазор сомонӣ, ё худ 100 ҳазор сомонӣ зиёдтар маблағ ҷудо гардид. Сипас, Абдураҳмон Қодирӣ ба 130 нафар гирандагони Стипендияи Раиси вилояти Суғд, ғолибони озмунҳои вилоятии “Гулдухтарони суғдӣ” ва “Ҷавонон — рушди илм, завқеи бадеӣ ва худшиносии миллӣ” шаҳодатномаву стипендия ва мукофотпуливу тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Раиси вилоят ҳангоми супоридани тӯҳфаҳо

Барои иштирокдорони чорабинӣ аз ҷониби санъаткорони вилоят барномаи рангини консертӣ, ки тараннумгари сулҳу дӯстӣ, ваҳдати пойдор ва соҳибистиқлолии Ватани азизамон — Тоҷикистон буд, намоиш дода шуд.

Рафти чорабинӣ

Бо мушакпарронии идона чорабинии имрӯза ҳусни хотима ёфт.

мушакпарронӣ