12-уми май-рӯзи шашмақом

маркази фарҳаг

Шашмақом –мусиқии суннати Осиёи Миёна аст.Таронаи ин мусиқи дар бораи ишқу ирфон мебошад.Созҳои ба кор рафта дар ин мусиқи иборатанд аз :рубоб,барбат,доира,даф,танбӯр ва ғайра.Шашмақом аз мақомҳои бузруг,рост,наво,дугоҳ,сегоҳ ва ироқ иборат аст.

ЮНЕСКО дар соли 2000 мелоди,шашмақомро дар феҳристи куҳантарин сабкҳои мусиқи ва ҳамчунин сармояҳои ғайримоди ба сабт расонид.

Бахшида ба рӯзи шашмақом ансанбли наврасону,ҷавонон бори нахуст барномаи консертии хешро дар Маркази Фарҳанг барпо намуданд.Дар он устодони санъат,роҳбароини Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии шаҳри Хуҷанд ва ҳаводорони шашмақом ширкат намуданд.

Тули 3 моҳ мешавад,ки ансабли наврасону ҷавонон кор ва фаолият мебарад.Наврасону ҷавонон дар ин ансабл бо тариқи озмун дохил шудаанд.Ансабли мазкур иборат аз 18 нафар наврасону ҷавонони сароянда ва навозанда мебошад.Имрӯз онҳо дар назди устодони санъат 11 намуди сурудҳои пурмазмунро замзама намуда,ҳунару маҳорати волои худро намоиш доданд.


наврасон ҳангоми хондани суруд

Бахтиёр Қосимов

Султонали Худойбердиев професор, роҳбари баъдеи ансамбли наврасону ҷавонони шашмақомхони назди Бахши фарҳанги Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии шаҳри Хуҷанд мебошад.Ӯ мегуяд,ки барои таъсис додани ин ансамбли наврасону ҷавонон меҳнатҳои зиёд сарф карда шуд.Дар ансамбл наврасону ҷавонан аз ҳар гӯшаву канори вилояти Суғд аз ҷумла,ш.Бӯстон ,н.Ҷ,Расулов,
н.Айни,н.Мастчоҳ дастҷамъона ҳунарнамоӣ мекунанд.


Султоналӣ Худойбердиев

Ин консерти аввалин ансамбли мақомсароёни ҷавон мебошад.Аз ин лиҳоз ҳунармандони ин ансамбл дар нақша доранд,ки ин барномаро дар ҳар гӯшаву канори вилояти Суғд ва берун аз онба намоиш гузоранд.Навор дар сомонаи ютуб:

навор дар сомоани ютуб
  • ****************************************************************
суроғаҳои баҳри тамос:
 — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — 
суроғаи теливизиони
ДИЁР: http://diyor.tj/
 — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — -
Соунклоуд-
https://soundcloud.com/user-790089337
 — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — -
Медиум-
https://medium.com/@ahmadovrustambek
 — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — -
Ютуб-
https://www.youtube.com/channel/UCSiYGbYb0khB2JTc6YaCJ1Q
 — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — 
Ок.ру-
https://m.ok.ru/dk;jsessionid=89e9568701790a30e6f7298839e94ac6d9536f4a78fc7c67.c3548c16?st.cmd=userMain&tkn=3347&_prevCmd=userMain
 — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — 
тивиттер:
https://twitter.com/RustambekAhmadi
 — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — 
Фейсбук-
https://www.facebook.com/ahmadov.rustambek.3
 — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — —
Viber.Imo & Whatsap +(992) 92 637–27–58
 — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — —

Рустамбек АҲМАДОВ-хабарнигори ШТР “Диёр