Суғд: Барги дарахт не, марги дарахт!

  1. Неъматов Ҳайдар, собиқадори маҳаллаи Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ӯро дар ноҳия ҳамчун боғпарвар мешиносанд чанде пеш ба муаммои дарахбурӣ рӯ ба рӯ шуд. Номбурда, ки ба шинонидани дарахтон ва пайванду парвариши онҳо завқ зиёд дорад, 15 сол пеш дарахтеро шинонида нигоҳубин мекард. Аммо масъулини соҳаи маориф омада гуфтанд, ки мо ин дарахтҳоро решакан карда, ба ҷои он панҷараҳои мактаб (№26-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров)-ро нав мекунем. Ман розӣ нашудам ва ба кормандони экология муроҷиат кардам. Ба ҳамин то ҳол он дарахтон аз эҳтимоли бурридашавӣ эмин монда, рӯз то рӯз сабзу хуррамтар шуда истодаанд.

Аммо то ҳол Неъматов нигарон аст, ки мабодо аз набудани ӯ истифода карда дарахти парвардаашро бибуранд. Барои ҳамин ҳар замон аз тирезаи хона ба дарахт нигоҳ мекунад, то хотираш ҷамъ шавад.

Соли 2016 аз ҷониби кормандони экомилитсияи вилояти Суғд дар 6602 объектҳо санҷиш гузаронида шуда, барои бартараф кардани камбудиҳои ошкоршуда ба роҳбарони объектҳо 11338 супоришҳои ҳатмӣ дода шудааст.

Соли 2015 дар вилояти Суғд бо қарори раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ “Соли фарҳанг ва гулҳо” эълон шуд. Он сол дар шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳру навоҳии вилоят ба ҷои дарахтҳои солхӯрда ва хушкида ниҳолҳои сояафкан ва мевадеҳ шинонида шуд. Раиси вилоят ба тамоми сокинон ва фаъолони тамоми ҷамоатҳои таъкид дошт, ки на танҳо дар ин сол, балки минбаъд низ ба кабудизоркунии табиат аҳамияти бештар диҳанд.

“Тути калон”-ро чӣ аз буридан нигоҳ дошт?

Имрӯз яке аз маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд бо номи “Тути калон” машҳур аст. Аз рӯи гуфтаи сокинони солхӯрдаи ин маҳалла таги Тути Калон се қабри қадима дошта, имрӯз ба як мавзеи туристӣ табдил ёфтааст. Ба гуфтаи пирони ин маҳалла дар қарни XVIII сарҳади ҷанубу шарқии шаҳр маҳз аз ҳамин ҷо мегузаштааст.

Худи маҳаллаи Таги тути калон, аз қадим дар лаби ҷӯи Мазор, дар чорроҳаи серравуо қарор гирифта, Панҷшанберо бо дарвозаи Чуянчӣ ва деҳоти самти ҷанубии шаҳр-Боғи Заргар, Ҷӯйи Мазор ва Ғозиён мепайваст.

Ба гуфтаи пирону рӯзгордида, ки солҳои зиёд дар ин маҳалла истиқомат карда истодаанд дарахти тути калон таърихи беш аз 1300 сола дорад, вале дар бораи пайдоиши он ягон ақидаи дақиқ мавҷуд нест. Аммо байни сокинони маҳаллаи мазкур буданд нафароне, ки ҷонибдори буридани дарахти тути калонанд.

Аммо сокини дигари ин маҳалла, ки худро Солеҳҷон муаррифӣ кард дарахтро ифтихори маҳалла дониста гуфт:-53 сол аст, ки дар ҳамин маҳалла зиндагӣ дорам. Ҳамасола барои дидани ин дарахти азими таърихи аз гӯшаву канори мамлакат меҳмонон омада дар бораи он маълумот мегиранд.

Аслан ин дарахт дарахти оддӣ набуда, сирру асрори зиёд дорад. Зеро чанд сол пеш як истиқоматкунандаи маҳалла барои кирмакҳои худ баргҳои ҳамин дарахтро гирифта ба кирмакҳояш дод, аммо пас аз як руз ҳамаи кирмакҳо нобуд гардиданд. Ба ин монанд ҳодисаҳо бисёранд. Аз ҳамин сабаб ҳоло касе шох ва ё баргҳои ин дарахтро намебурад ва ё нимегирад. Танҳо як маҳҳалаамон як марди ҷиндоре ҳаст, ки ба ин кор даст мезанад ва шохҳои дарахтро танзим мекунад. Дигар сокинон аз буридани шохҳои ин дарахт дар ҳаросанд.

Иқдом аст, ки дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд (Хуррамшаҳр) бинои асоси Донишгоҳи давлати Хуҷандро бунёд гардад. Ин мавзеъ, ки пур аз дарахтони ҳамешасабзи арча, сарв ва санавбар аст. Аммо эҳтимоли бурадани ин нпмуди дарахтон сокинони маҳалларо нигарон кардааст. Ба гуфтаи фаъолони маҳаллаи мазкур дарахтони ин мавзеъ умри 10 то 14 сола дошта, дар ҳоли инкишофёбианд.

Дилбар Хоҷаева, нафақахӯр- Ба ақидаи ин зан, ки дар ҷамоати Румони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ мекунад ҳолати дарахтруриро наметавон якбора аз байн бурд. Зеро дар шароити деҳот сӯзишвории асосӣ ҳезум ба ҳисоб меравад ва сокинон барои пӯхтану нону хӯрок пурра аз ҳезум истифода мебаранд.

Имрӯз яке аз масъалаи муҳими экологӣ буридани ғайриқонунии дарахтон мебошад. Масалан ташкилоти байнамилалии GIZ оид ба муаммои табиат таҳқиқот бурд. Дар натиҷаи таҳқиқот муаян гашт, ки аз соли 1990 то соли 2016 дар ҷумҳурӣ 17%-и бешабоғҳо несту нобуд шудаанд. Ба гуфтаи мутахассисони ташкилоти мазкур барои барқарор кардани 0,5 %-и боғзорҳои нобудшуда 10 сол лозим аст.

Мутахассисони соҳаи экологӣ ба онанд, ки дар ҳолати пешгирӣ накардани буридани ғайриқонунии дарахтон хатари шамоли шадид, нест шудани ҳайвоноти нодир ва вайроншавии таркити хок (эрозия), селхезӣ ва дигар хатарҳо ба миён меояд.

Гурӯҳи эҷодӣ: Фирӯза Мирджумаева, Фарзона Муродӣ, Насибахон Ходжаева, Идрисхӯҷа Саидов, Дмитрий Беликов