Закариё Мукарамовро сӯзандорӯи партов бемор кард

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо вуҷуди гузоштани қутиҳои партов ба назар мерсад, ки аҳолӣ ҳанӯз ҳам ба даруни қутӣ партовро напартофта онро ба берун аз он, ҳатто ба кӯчаҳо мепартоянд.

Нуқтаи партов ба биноҳои баландошёна наздик, буда кӯдакон дар атрофи он бозӣ мекунанд, ки ин бисёр ба саломатии онҳо зараровар мебошад. Ҳатто кӯдакон аз партовҳо ҳангоми бозӣ кардан истифода мебаранд. Фарзанди Хосиятхон Комилова сокини шаҳри Хуҷанд ҳангоми бозӣ аз сӯзандорӯи дар партов буда, истифода намудааст, ки дар натиҷа онро ба бемории вазин расонидааст.

Сӯзандорӯ аз нуқтаи партови Маркази ташхисию табобатии Яъсуб дар маҳаллаи 12-уми шаҳри Хуҷанд

Баъди хӯрдани об аз сӯзандорӯи истифода шуда, ба тани фарзандам ҳар гуна чиз баромад ва дар охир дасту чашмаш ба варам кардан оғоз намуд. Вақте, ба беморхонаи кӯдакона бурдем, онҳо гуфтанд ин гуна бемориро надидаем ин беморро ба беморхонаи сироятӣ баред. Ба беморхонаи сироятии вилояти Суғд рафтем онҳо гуфтанд ин кӯдак аст ба беморхонаи кӯдакона баред. Мо байни духтурон туби “футбол” гардидем. Дар охир табибони таҷрибадори беморхонаи пуст фарзандамро табобат карданд. Табобати писарам то ҳол идома дошта, дар ҳар моҳ як ё ду маротиба аз ташхиси тиббӣ мегузаронем,-нақл намуд, Хосиятхон Комилова.

Воқеан имрӯз аҳолӣ партовро ба даруни қутии муайяншуда не, балки онро ба берун аз он мепартоянд. Баъзе волидон бошанд ба дасти кӯдакони хурдсол партовро медиҳанд ва онҳо партовро то ҷои лозима намебаранд.

Нуқтаи партов дар назди бинои №50 маҳаллаи 32 шаҳри Хуҷанд

Як партовгоҳи калон дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир шудааст, ки масофаи байни партовгоҳ ба аҳолӣ бисёр наздик мебошад.

Сардори Корхонаи давлатии комуналии ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Ботурҷон Ниёзов дар суҳбат ба мо иброз дошд: “Ин корхона соли 2010 таъсис ёфта, дар он 3 адад техникаи боркаш барои берун кардани партов аз ҳудуди ҷамоат хизмат мекунад. Сари вақт партовро аз ҳудуди ҷаомат берун карда онро бо хок мепӯшонем. Корхонаи мо худмаблағгузор буда, аҳолӣ низ аз мо қарз надоранд ва пли партовро сари вақт пардохт мекунанд”.

Ботурҷон Ниёзов

Вақте мо ба партовгоҳи мазкур рафтем партовҳо бо хок пӯшонида набуданд.

Ботурҷон Ниёзов масофаи байни минтақаи аҳолинишин ва партовгоҳи ҷамоати Ёваро зиёда аз 5 км арзёбӣ кард, аммо ин рақам дар google mymaps 800 метро ташкил мекунад. Ҳамзамон масоҳати партовгоҳ ба гуфти сардори он рост наомад ва масофаи ин партовгоҳ 4,5 гектарро ташкил мекунад.

Як нуқтаи партовгоҳи дигар дар маҳаллаи 12-уми шаҳри Хуҷанд байни муассисаи таълимии №19 ва маркази ташхисию табобатии Яъсуб ҷойгир аст, ки байни партовгоҳ ва муассисаи таълимӣ зиёда аз 5 метрро ташкил медиҳад.

Саодат Исмоилӣ

Уктам Ризаев

Дилафрӯз Аъзамова

Муталиб Маҳмудов

Муҳаммадкарим Почокалонов