Шарораи дуюм

Махастии Дустмурод
Central Asia NEWS
Published in
2 min readNov 28, 2016

Муаллифон: Маҳастии Дӯстмурод, Мусо Бобоҳоҷиев, Насрулло Зунунов, Насрулло Тӯйчизода, Аъзам Аҳруллоев.

Деҳаи Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ дар масофаи 25–30 км дур аз пойтахт ҷойгир шудааст. Мушкилоти асосии ин деҳа дар он зоҳир мегардад, ки сатҳи об торафт боло шуда дар хонаҳои истиқоматии мардум тарқиш ба вуҷуд омадааст. Бо назардошти ин барномаи муҳоҷиркунонии ахолӣ ба минтақаи дигари бехавф сурат гирифт. Ҳарчанд ин масъаларо дар сатҳи давлатӣ баррасӣ ва то андозае ҳал шуда бошад ҳам, вале то ҳол як қисми мардум манзили меросии худро тарк кардан намехоҳанд.

Убайдулло сокини ин деҳа мегӯяд, дар ин манзил бо падару модар ва ҳамсару кӯдаконаш зиндагӣ менамояд.

Бобои Шароф 78 сол дорад ва сокини муқимии ҳамин деҳа аст. Ӯ мегӯяд, ҳанӯз аз солҳои 60-уми асри гузашта масъалаи дар оянда хатарнок будани ин макон овозаҳо паҳн шуда буд. Вале танҳо дар оғози соли 2000 ум ин масъала ба таври эҳсосшаванда аён гардид.

Шарифамоҳ Саидова 12 сол боз дар ин деҳа зиндагӣ мекунад. Бо вуҷуди он, ки аллакай дар ин ҳодиса фарзанди хурдсоли худро аз даст додааст, вале аз ин манзил кӯчидан намехоҳад. Зеро барои ин шароит надорам, мегӯяд ӯ.

Холов Таварали сокини дигари ин деҳа мегӯяд, шабҳо ҳатто хоби ором надорад ва садои пайдоиши тарқишро дар хонаҳо мешунавад.-Ман аз ояндаи худ ва фарзандонам дар хавотир ҳастам, иброз намуд ӯ.

То кадом андоза зиндагӣ дар чунин манзилҳо, ки ҳолати садамавӣ доштанд, ба саломатии инсон зараровар аст? Дар ин хусус эколог Муаззама Бурҳонова чунин иброз дошт.

Албатта ин барои зиндагӣ хатари калон дорад. Зеро ҳамеша аз замин бухоршавии об эҳсос гашта, метавонад боиси сар шудани бемориҳо гардад. Инчунин аз обе ки онҳо истифода мебаранд, сатҳи саломатии онҳо вобастагии калон дорад. 50 % и саломатии инсон аз об вобаста аст. Чун деҳаи қиблаӣ дар наздикии талу теппаҳо воқест, аҷаб нест, ки тақдири деҳаи Шарораи ноҳияи Ҳисор такрор ёбад…

--

--

Махастии Дустмурод
Central Asia NEWS

Was born in 1992 in Tajikistan. 26 years old. Journalist, photo&video editor.